Аксияи “Тозагии маҳал”

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 13 августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Шаҳристон, Хуҷанд, Бӯстон ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 7404  нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи “Тозагии маҳал” доир гардид.

Дар рафти аксия 18725 чуйбору латокҳо ва 17200 м роҳҳои протоколӣ тоза, 650 м2 биноҳо сафед, 1500 м заҳбуру каналҳо тоза, 910 адад дарахтон сафед, 450 м майдонҳо аз алафҳои бегона тоза ва беш аз 102,5 м3 партовҳо  бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.