Ҷамъбасти фаъолияти моҳонаи ситоди Раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 2254

  Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар мавсими тухмигузории соли ҷорӣ идома доранд ва тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти ситоди раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ дар 15-рўзаи дуюм ва моҳи апрел ҷамъбаст гардид. Натиҷаҳои корбарии якмоҳа нишон доданд, ки баҳри иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист дар самти мазкур ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, №29 ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

   Боиси қайд аст, ки дар давоми моҳ ҷиҳати вусъат бахшидани назорати давлатии пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ ду маротиба ҷаласаи ситоди раёсат баргузор гардида,бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ аз ҷониби сардори раёсат ба аъзоёни гурӯҳҳои фаврӣ супоришу вазифаҳои мушаххас дода шуд. Дар давоми моҳи апрел аз тарафи нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамагӣ 119 маротиба амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 125 адад санад, нисбати қонунвайронкунандагон 8 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 8 адад мавод ба мақомоти прокуратура барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ бо 8 адад хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ пешниҳод гардид. Маблағи зарари ба захираҳои моҳӣ расонидашуда 7,7 ҳазор сомониро ташкил карда, ҳамзамон аз шаҳрвандоне, ки ба қӯруқшиканӣ даст задаанд, 2 адад заврақ ва 6 адад либоси резинӣ, 178 адад олотҳои моҳидорӣ, аз ҷумла тӯр, панҷшохча, шасти моҳидорӣ ва дигар олотҳо мусодира карда шудааст. Бо мақсади огоҳонидан ва пешгирии вайроншавии талаботи фармоишҳо оид ба гузаронидани чорабинии мазкур, дар ин давра ба муассисаю ташкилот ва нуқтаҳои хизматрасонии пухтупази моҳӣ, ҳамагӣ 61 адад амрнома супорида шуда, ҳамчунин дар байни аҳолӣ 51 маротиба корҳои ташвиқотию фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид ва бо воситаи садою симо баромадҳо ташкил карда шуданд.