Бо табиат ҳамоҳанг зиндагӣ кунед!

 Дар бинои Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, омўзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, васоити ахбори омма, як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, экофаъолон ва кормандони худи марказ нишасти иттилоотӣ баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ бахшида шуд. Мақсади асосии нишаст ин даъвати якдигар ва ҷомеа барои зиндагии ҳамоҳанг бо табиат мебошад. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони экофаъол маърӯзаҳо оид ба масъалаҳои гуногунии биологӣ, эҳтиром ба он, андешидани чораҳо барои ҳифзи он, рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон, зеҳни сунъӣ дар экология ва баланд бардоштани сатҳи маърифат дар байни аҳолӣ пешниҳод карда шуданд.

 Дар баромади экофаъол, роҳбари клуби экологӣ дар назди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар бораи мушкилот дар сайёра ва коҳиши босуръати гуногунии биологӣ, ки асосан ба фаъолияти нодурусти инсон вобастагӣ дорад, қайд гардид. Аз ҷониби намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар баробари масъалаҳои вобаста ба гуногунии биологӣ, оид ба қабул гардидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи он экофаъолон иштирок намоянд. Ҳамчунин, намояндаи раёсат якҷоя бо профессори Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон баромади экологҳои ҷавонро шарҳ дода,ҷиҳати омӯзиши амиқи масъалаҳои экологӣ, истифодаи маълумоти омории боэътимод ва фикру мулоҳизаҳои коршиносон тавсияҳои худро доданд. Дар навбати худ рӯзноманигори рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва медиа-клуби «Согдиана», ба нақши васоити ахбори омма дар инъикоси масъалаҳои экологӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба иттилооти экологӣ ва қабули қарорҳои марбут ба муҳити атроф таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Менеҷер ва корманди Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ба иштирокчиёни сессия дар бораи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ, принсипҳои Конвенсияи Орхус, аҳамияти ҷалби ҷомеа дар ҳалли муаммоҳои экологӣ, лоиҳаҳои экологии амалишавандаи солҳои охир, аз он ҷумла лоиҳаи ҳифзи тўқайзори болооби «Баҳри Тоҷик»-и минтақаи шаҳри Конибодом ва нақши он дар ҳифзи гуногунии биологӣ маълумоти мухтасар доданд. Иштирокчиёни сессия ба мувофиқа расиданд, ки ҷорӣ намудани ташаббусҳои экологӣ дар байни аҳолӣ, ҷорӣ намудани ҷамъоварии алоҳидаи партовҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни экологӣ ба баланд гардидани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат мекунанд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/908-vohuriorhus062021.html#sigProGalleriaeb3348f789
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.