Мулоқот бо вакил ва семинар дар маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон

Category: News Written by Администратор Hits: 5244

 Дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон бо иштироки раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Халилов ва Н.Назирова баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» доир гардид. Дар рафти муҳокима аз тарафи меҳмонон маълумоти мукаммал дар бораи лоиҳаи қонун пешниҳод гардида, аз тарафи мутахассисони Раёсат ба баъзе моддаҳо таклифҳо пешниҳод карда шуда, дар мӯҳлати муайянгашта пешкаши шакли хаттии он тавсия гардид.

Худи ҳамон рӯз семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд перомуни масъалаҳои мубрам – назорати давлатӣ дар самтҳои ҳифзи ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, ҳифзи замин ва канданиҳои фоиданоки маъмули умум, ҳисоби дурусти маблағи пардохтҳои ҳатмии экологӣ ва зарар бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсат Б.Абдумаликов оғоз намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки ин чорабинӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон, хоса мутахассисони ҷавон баргузор мегардад. Тибқи рӯзномаи семинар сармутахассиси Раёсат оид ба ҳуқуқ дар мавзӯи «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мутахассиси шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат оид ба «Назорати давлатӣ дар самтҳои муомилот бо партовҳо, ҳифзи замин ва КФМУ, ҳисоби дурусти маблағи пардохтҳои ҳатмии экологӣ ва зарар», мутахассиси пешбари шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат бобати  «Тартиб додани санади санҷиши объект ва чӣ гуна муайян кардани манбаъҳои муташаккил ё номуташаккили партовҳои моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера», сармутахассиси шӯъба назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об оид ба «Ҳисоби дурусти маблағи пардохтҳои ҳатмии экологӣ ва зарар» маърӯзаҳо карданд.  Пас аз муҳокимаи маърӯзаҳо омӯзишҳои  амалӣ низ гузаронида шуд.