Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист

Category: News Written by Администратор Hits: 2246

Муҳтарам ҳамкасбон, дўстони азиз!

Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол дар санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи ҳифзи муҳити зист рушду нумў ёфта, дар вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар ва омодагӣ ба ҷашнҳои давлатии миллӣ саҳми арзанда дорад.

Дар тамоми гӯшаю канори кишвари азизамон айни замон раванди ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирад. Ин ҳама пешравию ободкориҳо самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд. Ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист тамоми дўстдорони табиати вилоятро табрику муборакбод гуфта, саломатӣ ва дар фаъолияти меҳнатии ҳаррўза барори кору муваффақиятҳои рўзафзунро баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани маҳбубамон орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамкасбони гиромиқадр!