Ҷамъбасти озмуни «Сабз бодо кишварам» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Category: News Written by Администратор Hits: 2133

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф ҷамъбаст гардид. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» роҳандозӣ гардидааст. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд. Барои гирифтани ҷойҳои намоён 120 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истиқлол, Деваштич, Конибодом, Ҷ.Расулов, Спитамен, Масчоҳ ва Зафаробод бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/917-jambastiozmun062021.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleriafb40516166
joomlamodniyportal.ru