4 октябр Рӯзи Умумибашарии ҳайвонот – санаи экологӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 5083

Рӯзи 4 октябр дар бисёрии давлатҳои дунё – Рӯзи байналхалқии ҳайвонот қайд карда мешавад. Ин санаи таърихии экологӣ буда, аввалин маротиба дар Конгресси байналхалқии тарафдорони ҳаракати ҳифзи табиат, ки дар шаҳри Флоренсияи давлати Итолиё соли 1931 баргузор шуда буд, қарор қабул  карда шудааст. Ин сана беҳуда 4 октябр кабул нашудааст, зеро ин рӯз ҳамчун рӯзи хотираи католики муқаддас Франсиско Ассиск мебошад, ки ӯро ҳамчун сарпарастори олами ҳайвонот маҳсуб мешуморанд. Ба муносибати ин рӯз дар бисёрии масҷидҳои давлатҳои католики башарият хизматрасонӣ карда мешавад. Инчунин бахшида ба ин рӯз дар аксарияти давлатҳои дунё чорабиниҳои гуногуни оммавӣ гузаронида мешавад.

Ин беҳуда нест, зеро дар рӯи замин намудҳои гуногуни ҳайвонот ҳаёт ба сар мебаранд, ки барои инсон аҳамияти калон доранд.

 Аз намудҳои гуногуни олами ҳайвонот миқдори зиёди онҳо аҳамияти калони саноатӣ дошта, намудҳои алоҳидаи онҳоро инсон барои қонеъ гардонидани талаботи худ шикор мекунад.

Солҳои охир дар зери фаъолияти инсон мавзеъҳои табиӣ баъзе намудҳои олами ҳайвоноти рӯи замин дигаргун шуда истодааст, ки ин тағйирёбӣ ба камшавии миқдори онҳо оварда расонид, ки ҳатто баъзе намуди онҳо зери хатари нестшавӣ  қарор гирифтаанд.

Дар Тоҷикистони кӯҳсор бо маълумотҳои охирин беш аз 13 ҳазор намуди олами ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо дар минтақаҳои гуногуни табиӣ маскан гирифтаанд. Олами гуногуни кишварамон аз гурӯҳҳои гуногун иборат буда, дар байни онҳо мӯҳрадорҳо 531 намудро ташкил мекунанд. Солҳои охир дар зер фаъолияти инсон, яъне бунёди шаҳрҳо, аз худ кардани заминҳо сохтмонҳои азими гидротехникӣ ва ғайраҳо, инчунин истифодабарии заҳрдоруҳо бар зидди касалиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, риоя накардани меъёри онҳо, поймол кардани лонаи паррандаҳо, нобуд сохтани  муҳити зисти ҳайвонотҳо, хароб кардани киштзори хӯроки ниҳолу буттазорҳо, афзудани усулҳои гуногуни шикор ва сайди моҳиҳо ва дигарҳо ба камшавии миқдори ҳайвонот ва ҳатто дар зери хатар нестшавӣ қарор гирифтани онҳо оварда  расонида истодааст.

Ҳоло ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (нашри  2) 222  намуди ҳайвонотҳо ворид карда шудааст, ки доштану сайд кардани ин намуд  тамоман манъ аст.