Ҷамъбасти озмуни даври вилоятии «Сабз бодо кишварам»

Category: News Written by Администратор Hits: 2234

   Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят чорабинии супоридани мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тўҳфаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист ба ғолибони озмуни даври вилоятии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки сардорони Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ., омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Пеш аз оғози маросими қадршиносӣ дар саҳни ҳудуди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят намоиши ҳунарҳои мардумии маҳфилҳои кулолгарӣ, рассомӣ, сӯзанидӯзии дастӣ ва дигар намуди корҳо ва гулҳои парваришгардидаи хонандагони аъзоёни маҳфилҳои марказ ташкил ва пешкаш карда шуд.

  Дар оғози маросими қадршиносӣ бо суханони ифтитоҳӣ сардорони Раёсатҳои маориф ва ҳифзи муҳити зисти вилоят барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуданд. Барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин»,  27 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Б.Ғафуров, Ашт, Спитамен, Деваштич бо диплому ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/926-lambastiozmuniviloyati062021.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleriacbadbd718f
joomlamodniyportal.ru