Иштирок дар Форуми IV оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои обӣ дар қисми ба Тоҷикистон мансуббудаи ҳавзаи Сирдарё»

  Дар Маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми IV Ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Форум аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиасияи зан ва ҷомеа» ташкил карда шуда, дар он занон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои давлативу назоратӣ иштирок доштанд.  Тибқи барнома дар Форум мавзуъҳои «Лоиҳаҳои бо об вобастаи Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон», тамошои видеоролик дар бораи нақши занон дар қисми тоҷикии дарёи Сир, муаррифӣ - натиҷаҳои фаъолияти қитъаҳои намоишӣ, мубодилаи таҷрибаҳои муваффақи деҳқонзанон пешниҳоди иштирокчиён гардид. Аз ҷониби менедҷери лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои об ба аъзоёни доимии Форуми ҳавзавии занон шаҳодатнома супорида шуд. Вазифаи Форуми Ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи Хавзаи Сирдарё ин ҷалби занон ва фаъол гардонидани иштироки онҳо дар қабул ва таҳияи масъалаҳои мубрами соҳа, идоракунии захираҳои обӣ равона шудааст.

  Форуми ҳавзавии занон инчунин ба раванди иҷроиши барномаи миллии баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи Миллии Рушд – 2030 мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.