Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид

  Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Исфана - сойи ноҳияи ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур ғайр аз кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма, сокинони ҷамоати деҳоти Ғўлакандози  ноҳия, ҳамагӣ зиёда аз 115 нафар иштирок доштанд.

  Дар натиҷаи баргузории аксия 1,2 км ду тарафи сой бо истифода аз 3 адад техникаи махсус, аз партовҳои гуногун тоза гардида, ба партовгоҳи ноҳия 8 метри мукааб партов интиқол дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.