Насби лавҳаҳои огоҳӣ яке аз чораҳои пешгирикунанда мебошад

  Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва ҳамзамон пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ масъалаҳои мубрами рўз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар бозори марказии ҷамоатишаҳраки Гули Сурхи шаҳр 4 адад лавҳаҳои огоҳӣ ҷиҳати ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои муқарраргардида насб карда шуд.

  Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист бо соҳбкорону кормандони бозор корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд, ки ҳадафи ин амалҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.