Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус

Category: News Written by Администратор Hits: 1936

  Санаҳои 10 - 11 августи соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кори семинари мазкур намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хорог ва Ғарм, инчунин сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Марказҳои Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дигар намояндагони шарикони рушд иштирок дошта, чорабинӣ бо дастгирии ташкилоти Дафтари барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар рафти семинар инъикоси мақсад ва вазифаҳои он, лексияҳо дар бораи қоидаҳо ва принсипҳои Конвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣ пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисми муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, дуюм маротиба бо саволнома корбарӣ карда шуд.

  Дар интиҳо баромадҳои Марказҳои Орхус дар бораи дастовардҳоиасосӣ, дарсҳои омӯхташуда дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022 шунида шуд. Ҳамзамон мо бояд қайд намоем, ки чорабиниҳои мазкур яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ буда, барои иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» саҳми назаррас дорад.