Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар шаҳри Панҷакент

Category: News Written by Администратор Hits: 1907

  Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» бо суханони ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Панҷакент оғоз гардида,  дар бораи ҳадафи баргузории озмун, шартҳои он ва ҳайати ҳакамон муаррифӣ карда шуд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гуруҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд.

  Аз рӯи ин шартҳо зиёда аз 60 нафар хонандагони синфҳои аз 6 то 11 иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд. Ғолибони озмун аз тарафи  намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.