Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

Category: News Written by Администратор Hits: 160

  Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 26 октябри соли 2021 дар ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ», ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ дар толори бинои ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳия ва аксияи «Ояндаи бидуни пластикӣ» дар бозори марказии ҶДММ «Фаровон» баргузор гардид. Дар вохӯрии иттилоотӣ омӯзгорону хонандагони ҶДММ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров» ва намояндагони ҷамоати шаҳрак иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ ва ташкили коргоҳҳои коркарди чунин партовҳо маълумоти муфассал пешкаши иштирокдорон намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур  бо мақсади паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Дар навбати худ роҳбари ТҶ «Сафӣ» оид ба мақсади асосии лоиҳа, минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ ва аз матоъ сухан карда қайд намуд, ки татбиқи лоиҳа барои коҳиш ёфтани партовҳои пластикӣ, хусусан халтаҳои полиэтиленӣ имкон медиҳад.

  Ҳадафи гузаронидани чунин вохӯриҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва татбиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» мебошад. Баъд аз ба итмом расидани вохӯрӣ дар даромадгоҳи бозори марказии ҶДММ «Фаровон»-и ноҳия аксия таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластикӣ» ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти аксия, ҳамагӣ 1000 адад халтаҳои қоғазӣ ва 500 адад халтаҳои аз матоъ истеҳсолшуда ба аҳолӣ тақсим гардида, байни ҳамагон барои дастгирии ин пешниҳод, баҳри солимии ҷомеа ва тоза нигоҳ доштани маҳалли зист даъват ба амал оварда шуд. Ҳифз ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ба шумор меравад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://ecosugd.tj/en/news/987-aksiyaplastikabgafurov112021.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria2549a67837
joomlamodniyportal.ru