Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон ва кормандони сарраёсат маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 24 ноябр, дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишварамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 24 ноябри соли 2009 бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад, ёдоварӣ намуд. Дар навбати худ сармутахассис оид ба ҳуқуқи сарраёсат Юсупов Т. бобати моҳият ва тартиби истифодаи расмии парљами давлатӣ  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ”ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ муовини сардори сарраёсат бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба хамаи иштирокдорон табрику муборакбод гуфта, итминони комил изҳор намуд, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.