Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма!

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1351

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи  «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълу-мотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад.

  Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электро-нии  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ирсол карда мешавад. Давраи баргузории озмун то 15 августи соли 2022  муқаррар шуда, дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо ва дипломҳои мақомоти ҳифзи ҳифзи муҳити зист сарфароз мегарданд.

Телефон барои тамос: 4-39-27

Дастраст намудани низомномаи ВАО