Баланд бардоштани дониши кормандон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4451

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи нақшаи корӣ ва қарори №1 ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018 аз 10.01.2019 дар толори раёсат, санаи 01.02.2019 бо иштироки муовини сардор, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо семинари бозомўзӣ баргузор гардид. Дар рафти кори семинар мувофиқи барнома ба иштирокдорон баромадҳо дар мавзўҳои: оид ба муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, назорати рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ» ва тартиби гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ; тарзи дуруст пешниҳод намудани маълумоти таҳлилӣ оидба рафти иҷрои «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» ва «Барномаи рушди иқтисод барои солҳои 2016-2020»; пешниҳоди дурусти таблитсаҳои санҷиши нақшавӣ ва дигар шакли ҳисоботҳо; дар бораи фармоиши № 42-и сардори раёсат «Оид ба иҷрои пешниҳоди хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ»; тарзи дурусти қабули ҳисоботи 2-ТП (об) аз об истифодабарандагон ва ҳисоби дурусти пардохтҳо, БДЭ (дар самтиоб) пешниҳод гардида, дар интиҳо муҳокимаи маърузаҳо ба амал омад.

      Умуман, чунин семинарҳои бозомўзӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисони ҷавон, расонидани ёрии методӣ ба зерсохторҳо ва пешгирии қонунвайронкунӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.