Атестатсияи моҳигирон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4907

Дар асоси қарори Шӯрои илмӣ-истеҳсолии назди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатнокии моҳигирон дар самти ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарё санаҳои 29-30 январи соли 2019 дар толори корхонаи воҳиди давлатии ёрирасони моҳипарварии Гулистон ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Моҳии тоҷик» атестатсияи моҳигирони ин ду хоҷагии моҳидории вилоят гузаронида шуд. Ҳайати комиссияи атестатсионӣ аз намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, чамъияти шикорчиён ва моҳигирон, рохбарон ва мутахассисони хочагихои мохипарвари таъсис дода шуд.

Дар атестатсия хамагӣ 41 нафар моҳигирони ин ду хоҷагии моҳидорӣ иштирок доштанд. Рафти аттестатсия  ҳайати комиссия ба хулосае омаданд, ки то оғози давраи манъи сайди моҳӣ моҳигирон камбудиҳои ҷойдоштаро  бартараф намуда, барои иҷрои нақшаи сайди моҳӣ, риояи қоидаҳои моҳидориро беҳтар аз худ намоянд. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки моҳидорон бо меҳнати софдилонаи худ, барои иҷро намудани «Барномаи рушди соҳаи моҳидории моҳипарварӣ»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба хадафи таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ  саҳми арзандаи худро гузоранд.

Каримов Г.Н. – корманди шӯъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва  захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд