Вохӯрии экологон бо маорифчиёни ш.Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4797

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус бо омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид.

Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Саидов Х. назди ҳозирин доир ба мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Роҳбари Давлат вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, соҳаи ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои гуногуни экологӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки “Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Гузашта аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд. Ҳамчунин, зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем. Хотирнишон месозам, ки ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад”.

Ҳамчунин  намояндаи Раёсат дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифлоскунандагони асосии ҳавои атмосфера дар шаҳр, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба муаммоҳои экологӣ маълумот дод.

     Баъдан байни иштирокдорони мулоқот доир ба омил ва обектҳои ифлоскунандаи муҳит, роҳҳои бартараф намудани он мубодилаи афкор сурат гирифт. Баргузории бештари чунин вохӯриҳоро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар анҷоми мулоқот аз тарафи намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳри Хуҷанд ба маорифчиёни шаҳр рўзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи илмӣ-оммавии «Ҳифзи табиат», ки нашрияҳои соҳавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад муаррифӣ ва бо мақсади бархурдор шудан, омўхтани чабҳаҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.