Нишасти матбуотӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5066

Санаи 15.02.2019 дар бинои Кумитаи идораи замин нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.

Дар он рўзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рўзномаҳои "Ҳақиқати Суғд", "Суғд ҳақиқатӣ", "Ризқофарин", "Ҷумҳурият", "Тирози ҷаҳон", "Садои мардум", "Шўълаи умед", "Халқовозӣ", ҳафтаномаи "Тоҷикистон", оҷонсии иттилоотии "Азия-плюс" ва "Суғднюс", ТВ "Танин" ва дигар намояндагони ВАО, ҳамагӣ беш аз 15 нафар иштирок доштанд.

    Дар рафти нишасти матбуотӣ рўзноманигорон оид ба корҳои ба сомон расонида давоми 2-3 соли охир дар партовгоҳҳои радиатсионии вилоят, аз ҷумла партовгоҳи радиофаъоли "Деҳмой", дар кадом ҳолат қарор доштани ҷамъоварӣ ва нигоҳдории лампаҳои каммасрафи корношоями симобдор, таъсири тағийрёбии иқлим ба хоҷагии халқ, ҳифзи захираҳои моҳӣ дар баҳр ва дарё, вобаста будани боло рафтани касалиҳои саратон бо муҳити зист, оид ба харидорӣ намудани 30 сарҳайвони нодири ғизол, оид ба муаммои партовгоҳи шаҳри Бўстон ва таъсири он, дар бораи баргузории аксияҳо дар соли 2018, дар бораи корҳонаҳои, ки ҳолати экологиро вайрон мекунанд, дар бораи муроҷиати шаҳрвандон, телефони боварии раёсат ва ба дигар посухҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.