Ярмарка-фурўши ниҳолҳо дар маркази вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4975

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи ободонӣ ва кабудизоркунии мавсими баҳори соли 2019 тибқи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот" ва Кодекси ҷангали Ҷумхурии Тоҷикистон назорати давлатиро дар самти мазкур доир намуда, дар асоси амри Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2019, №36 амр "Дар бораи гузаронидани ярмарка - фурўши ниҳол, кўчату тухмии гулу зироатҳо" дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

 Санаи 23 феврали соли ҷорӣ дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи умумивилоятӣ баргузор гардид. Аз тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд.

    Дар маҷмуъ, беш аз 1,2 миллион нињолу гул дар ярмарка - фурўш ба аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз он 625 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 262 ҳазор бех ороишию сояафкан ва 363 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо мебошанд. Баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ва ороишию сояафкан вобаста ба шароити маҳал барои ободонии кўчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, шањрак ва деҳот, номгўи ниҳолҳои ба талабот мувофиқ таҳия гардида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд.