Аксияи «Тозагии маҳал» дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5071

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахшида ба пешвози сазовори идҳои давлатии миллӣ, аз ҷумла Иди Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ, 28-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2019, №07 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Мувофиқи ҷадвали баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳудуди ҳар як шаҳру навоҳии вилоят дар як моҳ ду маротиба чунин аксия гузаронида шуда, корҳои кабудизоркунию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгашт ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидани партовҳо аз кӯчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида мешаванд.

 Дар моҳи феврали соли равон дар аксияи «Тозагии маҳал» дар миқёси вилоят зиёда аз 25 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагон ва донишҷўёни муассисаи таълимию тандурустӣ фаъолона иштирок доштанд. Дар рафти аксия 13,4 ҳазор бех дарахтон ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, каналу ҷўйбор, заҳбуру латокҳо ба масофаи зиёда аз 30,3 км, 73,4 км қадди роҳҳо ва 61,8 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳо тоза гардиданд. Ҳамзамон, дар доираи аксияи 420 адад дарахтон сафед ва корҳои тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона, бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо ёрии техникаи зарурӣ  ба сомон расонида шуд.

    Дар ин давра, ҳангоми гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» ва шанбегиҳо ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмуъ беш аз 406,9 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст.