Семинари минтақавӣ дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 6572

    Санаҳои 10 - 12 апрели соли равон дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистон семинари минтақавӣ дар мавзўи "Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ" баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии гуногунии биологӣ  ташкил гардид, ба ғайр аз Тоҷикистон намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Федератсияи Россия, ҳамчунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Дар кушодашавии семинар бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С. ва муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Р. баромад намуданд. Дар давоми ду рўз намояндагон мувофиқи барнома презентатсияҳо ва баромадҳои худро пешкаши иштирокдорон намуда, дар охири рўзи дуюм, санаи 11 апрел резолютсияи семинари минтақавии "Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ" дар вилояти Суғд қабул гардид.

    Инчунин, санаи 12 апрел дар асоси барномаи пешбинигардида, меҳмонон аз табиати минтақаи Шўркўли ноҳияи Б.Ғафуров, осорхонаи вилоятӣ ва боғи фароғати - истироҳатии ба номи К.Хуҷандӣ дидан намуда, дар қабули раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода М. ҳузур доштанд.