Маҷлиси машваратии назди сардори раёсат

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5127

 Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон маҷлиси машваратии назди сардор бо иштироки муовин, сардорони шуъба ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Мувофиқи нақша дар маҷлис баррасии 3 масъала пешбинӣ гардида, дида баромада шуд: 1) оид ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия; 2) натиҷабардорӣ аз фаъолияти раёсат дар чор моҳ ва вазифаҳо то ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи аввали соли равон; 3)  омодагӣ ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва масъалаҳои ҷорӣ.

Нисбати масъалаи якум ҳуқуқшиноси раёсат сухан намуда қайд кард, ки пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия яке аз масъалаи асосӣ буда, бояд дар мадди аввали фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор гирад. Кормандони раёсат ва зерсохторҳо мансуб ба хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва ин мақом вазифадор менамояд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қатъиян риоя ва иҷро карда шавад.

 Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома муовини сардори раёсат баромад карда оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти чормоҳа ва ҷой доштани камбудиҳо дар корбарии зерсохторҳо қайд карда шуд.Ба ҳамаи роҳбарони зерсохторҳо барои дар давоми як моҳи боқимонда то ҷамъбасти шашмоҳа ислоҳи камбудиҳо, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои асосии фаъолият ва иҷрои нақшаи пардохти нимсолаи аввал андешидани тадбирҳои зарурӣ вазифагузорӣ ба амал омад.

    Бобати баррасии масъалаи сеюми рўзнома махсусан қайд гардид, ки санаи 5 июни соли равон 47-ум солгарди Рўзи байналмилалии муҳити зист қайд карда мешавад ва дар вилоят низ бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ кўшиш ба харҷ дода шавад.