Баланд бардоштани дониши касбӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4555

Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри таъмини иҷрои банди 8-и қарори №5 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.04.2019 ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи майи соли ҷорӣ гузаронида шуд. Тибқи барнома аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи раёсат дар мавзўҳои «Таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳангоми пешниҳоди  мавод ба суди иқтисодӣ, «Дар бораи истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самти ҳифзи захираҳои об ва ҳавои атмосфера», «Дуруст ба роҳ мондани гирифтани намунаи об ва хок барои пешниҳод ба шуъбаи назорати таҳлилӣ», «Пешниҳоди ҳисоботи дуруст оид ба рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ» ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти нозири давлатии мақомот баромад карда шуд.

     Дар охири семинар муҳокимаи маърузаҳо ба амал омада, иштирокчиён ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.