15 май Рӯзи байналмилалии иқлим ЧАРО ИҚЛИМ ТАҒЙИР МЕЁБАД?

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4502

Ҳамасола на танҳо дӯстдорони табиат, балки нафароне ки дар бораи фардои хеш фикр мекунанд, санаи 15 майро ҳамчун рӯзи байналмилалии иқлим таҷлил менамоянд. Ҳадаф аз ин тадбир ҳифзи иқлим ҳамчун захираи муҳими таъсирбахшанда ба некӯаҳволии насли имрузу фардо ба ҳисоб меравад.

«Иқлим» гуфташароити миёнаи обу ҳаворо гўянд, ки муддати тўлонӣ (одатан 30 сол)  мушоҳида мешавад.  Ба  чунин шароити обу ҳаво  ҳарорат, қувва  ва самти шамол,  инчунин намуд ва ҳаҷми боришот, миқдори рўзҳои офтобӣ  ва дигар мушаххасоте, ки дар ягон ҷои муайян  онҳоро чен кардан мумкин аст, дохил мешаванд.  Иқлими сайёраи мо–Замин  доимӣ набуд; вай якчанд маротиба зери  таъсири як қатор омилҳои табиӣ тағйир ёфтааст. 

Истилоҳи «тағйирёбии  иқлим», одатан, тағйирёбиҳоеро ифода мекунад, ки аз аввали солҳои 1900 мушоҳида мешуданд. Чунин тағйирёбиҳои иқлими глобалӣ  пеш аз ҳама дар натиҷаи  сабабҳои ҳам табиӣ ва ҳам антропогенӣ  ба вуҷуд омадаанд:

• сабабҳои табиӣ: иқлими Замин  бо усули табиӣ  дар натиҷаи  таъсири мутақобилаи уқёнус ва атмосфера, лағзиши мадори Замин, лаппиши ҷараёни энергияи Офтоб  ва ихроҷҳои вулқонӣ   тағйир меёбад; 

• сабабҳои антропогенӣ: таъсири асосие, ки инсон ба иқлими глобалӣ мерасонад,  пеш аз ҳама ба ихроҷи газҳои гармхонавӣ (ГГ), ба монанди дуоксиди карбон ( CO2) ва метан (CH4) вобаста аст.  

Бетағйир нигоҳ доштани иқлим – яке аз муаммоҳои муҳимтаринест, ки дар назди аҳли башар истодааст.

Солҳои охир бо таъсири бевоситаи амалҳои инсоният равандҳои табии иқлим, обу хок ва аз ҳама муҳимаш ҳавои атмосфера дар сайёраи Замин ба куллӣ дигаргун шуда, боиси ташвиши на танҳо олимони иқлимшинос, балки шаҳрвандони оддӣ низ гаштааст. Хушксолии тӯлонӣ, офатҳои заминларзаву сунамӣ, зери об мондани заминҳои канори уқёнус, селу  ярч  дар манотиқи  кӯҳсор, биёбоншавӣ, эрозияи хок, боридани барф дар мамлакатҳои  иқлимаш гарму то рафт кам шудани  захираи пиряхҳо, боло рафтани ҳарорати миёнасолонаи ҳаво дар робита бо зиёд шудани ихроҷи газҳои гармхонавӣ, «сӯрохии озонӣ», муаммои хушкидани баҳри Арал ва чанде дигар албатта хотири оммаро парешон сохта беихтиёр ба андеша водор месозад. 

Тағйир ёфтани иқлим, гарм шудани ҳарорати кураи Замин, дигаргун шудани обу ҳаво албатта ба амнияту осудагии рӯзгор, молу мулк ва таъминоти озуқаворӣ, вазъи захираҳои табиӣ ва рушди мувозинаноки мамлакат таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Агарчи илму техника басо пеш рафтааст, олимон ҳануз дақиқ пешгӯӣ карда наметавонанд, ки офатҳои табиӣ кай ва чӣ гуна сар мезананд?

Экологҳо бар онанд, ки дар ин сурат тариқи рафтори оқилона, бурдани корҳои тарғиботӣ, фаҳмонда додани сабабҳо ин ҳама ногувориҳоро бартараф кардан имконпазир аст.

Пас чӣ бояд кард, ки дар пешгирии офатҳои табиӣ –масалан кам кардани газҳои гармхонавӣ саҳмгир бошем?

Ин масъаларо сарони  180 кишвари олам ҳанӯз соли 1992 дар шаҳри  Рио –де- Женейро мавриди муҳокима қарор дода буданд. Соли 1997 дар шаҳри Киотои Жопон санади байналмилалӣ бо имзои намояндагони 190 мамлакати дунё ба тасвиб расидааст, ки ихроҷи маводҳои зарарноки боиси пайдоиши газҳои гармхонавиро ба маротиб кам намоянд. 

    Шаҳрвандони оддӣ чӣ гуна метавонанд дар ин ҷода ҳиссаи худро гузоранд? Вусъатбахшии корҳои кабудизоркунӣ, истифодаи манбаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯи барқ, ба ҷои сӯхтани маҳсулоти нафтӣ, камтар истифода кардан аз автомобил агарчи дар назар кори андак менамояд, дар сурати сармашқи зиндагӣ қарор додани ҳатто даҳяки сокини сайёра самараи дилхоҳ ба бор меорад.