Вохӯрӣ дар мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4088

Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 14.05.2019 дар толори МТД мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷумла директорони мактабҳо ва омўзгорони фанни биология, экология, роҳбарият ва омўзгорони мактаби Президентӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот аз ҷониби иштирокдорон баромад доир ба зарурияти тарбия ва маърифати экологии кӯдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ифлос гардидани ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо ва чораҷўӣ барои ҷойгиронии ғайрирасмӣ, дар бораи Рўзи байналмилалии муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ шунида шуд.

    Дар рафти вохӯрӣ саволу ҷавоб амалӣ гардида, ба саволҳои омўзгорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳр ва мактаби Президентӣ 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.