Аксияи экологӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» дар шаҳри Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4324

Таҷлили  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муҳити  зист  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардид. Бо мақсади таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва дар доираи он гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳиву тарғиботӣ, тарбияи маърифати экологии аҳолӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи экологӣ зери унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» дар шоҳроҳи Хуҷанд – Чаноқ доир гардид. Дар аксияи мазкур  75 нафар - донишҷӯён ва устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаъолона иштирок дошта, қисмати даромадгоҳи шарқии шаҳри Хуҷанд аз ҳар гуна партовҳои маишиву сохтмонӣ ва ғайра  дар ҳаҷми 10 м3  тоза  карда шуд.  Боиси қайд аст, ки аз ҷониби шуъба донишҷуён ҳамчун иштирокчиёни доимӣ ва фаъоли аксияҳои экологӣ бо дастӯшаку халтаҳои ҷамъоварии партов, футболкаву сарпӯшҳо бо насби логотипи  мақомоти ҳифзи муҳити зист таъмин гардиданд.

     Баргузории чунин аксияҳои экологӣ ба истиқболи дигар чорабиниҳои миллӣ  дар  назар аст.

joomlamodniyportal.ru