22 май - Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии биологӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4554

Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣқабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар меҳмонхонаи “Де Люкс”-и ш.Хуҷанд бо иқдоми Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ конференсияи минтақавӣ бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи Илмҳои ҶТ, Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ЧТ, филиали институти чорводорони АИ КТ, устодони факултети химия ва биологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

     Дар рафти конференсия аз ҷониби роҳбари Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ҳозиринро бо рузи гуногунии биологӣ табрик намуда, бахри минбаъд нигоҳдорӣ ва афзун гардонидани гуногунии биологӣ дар кишварамон тавсияҳо ва маслиҳатҳои муҳими илмию амалиро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои актуалӣ ва глобалии стратегияҳои нави нигоҳдории гуногунии биологӣ дар мӯҳлати баъди солҳои 2020,  мақсади интихоб гардидани шиори соли 2019 - “Гуногунии биологии мо, ғизои мо ва саломатии мо”, дигар мавзуҳое, ки барои нигоҳдории гуногунии биологӣ равона гардидааст, баромадҳо ва призентатсияҳо пешниҳод карда шуд.