Семинари ноҳиявӣ дар мавзуи «Баррасии нақшаи идоракунии муҳити зист ва ҷиҳатҳои иҷтимоии он барои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ дар ноҳияи Шаҳристон»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4044

Санаи 30-31 июли соли равон дар толори идораи чамоати деҳоти И.Сомонии н.Шаҳристон бо иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии «Накукор» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинар намояндагони Ассотсиатсияхои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, раёсати  кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ, бахши хифзи мухити зисти ноҳия, кишоварзӣ ва ҷамоатҳо иштирок доштанд.  Роҳбари лоиҳаи Ташкилоти ҷамъятии  «Накукор» Т.Носирова,  оид ба конун ва зерконунҳо оид ба хифзи мухити зист, истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдоиши партовҳои сахт хангоми гузаронидани корҳои таъмир ва баркарорсозии шабакаҳои обрасонӣ, усулҳои барҳамдиҳии онҳо ва экспертони лоиха оид ба интихоби речаи обери зироатхои кишоварзӣ ва тартиб додани накшаи истифодабарии об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мавзуҳо баромадҳо пешниҳод намуданд.

     Дар навбати худ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон Муҳиддинов Ҷ. оид ба муаммоҳои оқилона ва сарфакорона истифодаи об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳангоми обёрӣ намудани заминҳои кишти зироатҳо ва дучор нашудани заминҳои кишт ба эрозияи обӣ суханронӣ намуд.