Амалиёти навбатӣ дар самти олами наботот

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3711

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.07.2019сол «Оиди пурзур намудани назорати давлати дар самтхои хифзу истифодаи самараноки захирахои табии наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва баланд бардоштани нишондодҳои соҳавӣ», иҷроиши фармоиши сардори раёсат тахти №17 аз 04.03.2019 с. «Оиди гузаронидани  амалиётҳои  фаврии  шабонарузӣ»  мунтазам амалиёти назорати гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбати дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом ҷамоати деҳоти Патар шаҳрванд Неъматов Ғ. боздошт карда шуд, ки  бе иҷозатномаи МДХҶ бо даравидани қамиш машғул шудааст.

     Нисбати қонуншикан НеъматовҒ. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маводҳо барои андешидани чораҳо ба бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом ирсол карда шуд.