Маҷлиси назоратӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3943

Санаи 11 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода маҷлиси назоратӣ доир гардид. Дар маҷлис муовини сардори Раёсат Абдумаликзода Б., сардорони шуъбаҳои Раёсат ва сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар маҷлис рафти иҷрои қарори ҷаласаи мушовараи Кумита аз 6 июли соли 2019, № 8 «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019»  мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.

     Қайд карда шуд, ки аз 24 банди қарори ҷаласаи Мушовара оид ба бандҳои 4,13,18 ва 20 маълумот пешниҳод нагардидааст, хамчунин доир ба супоришҳое, ки дар маҷлисҳои ҳафтаинаи Раиси Кумита дода мешаванд, маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шавад. Тибқи супоришҳое, ки дар протоколи №2 маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4.09.2019 қайд гардидааст, барои иҷрои пурраи қарори он чораҳои иловагӣ андешида шуда, то 25 сентябри соли равон ба Кумита маълумоти хаттӣ  пешниҳод карда шавад.