Семинар

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3536

Санаи 12 сентябри соли равон бо мақсади муаррифии лоиҳаи “Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дӯст (дихлордифенил–трихлорэтан (ДДТ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода ва муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии татбиқи Конвенсияи Стокголмоид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣРаҳматулло Хайруллоев семинар баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, намояндагони сарраёсати кишоварзӣ  ва корхонаи филиали экспедитсияи мубориза бар зидди малах ва дигар сохторҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист  иштирок доштанд.

    Ҳадафи асосии баргузории  семинари мазкурин иттилоотии аҳолӣ,  беҳбудии муҳити зист ва беҳдошти саломатии сокинони мамлакат аз партовҳои заҳрхимикатдор мебошад.