Татбиқи лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3568

Санаи 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДК “Хуҷандобуканал” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баҳри татбиқи лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нўшокӣ ва рафъи партовоби шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3” ба имзо расида, санаи 26.09.2018 бо ширкати “Fela Planungs AG”-и давлати Швейтсария, ба маблағи 3359234  доллари ИМА  шартнома барои “Таъмир  ва таҷдиди иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд” баста шуда буд. То санаи 13.09.2019 корхои сохтмонӣ ба маблаги 1081036 доллари ИМА ва хизматрасонӣ ба маблаги 48554 доллари ИМА ба ичро расонида шуда, молу тачхизот ба маблаги 2229644 доллари ИМА ба иншоот ворид гардид. Маблағи мувофиқи лоиҳа пешбинигардида бо пуррагӣ азхуд карда шуд.

Аз ҷониби ғайрипудратчӣ ҶДММ “Барқсохтмон Лоиҳакаш” боми биноҳои панжара, иншооти насоси таҳшонкаш ва устохона болопўш гардида, дигар корҳои таъмирӣ ба сомон расонида шуд. Ҳамзамон, таҷҳизотҳои  кўҳна  иваз ва таҳшонҳои  боқимонда  пурра тоза гардиданд. Як адад чоҳи амудӣ тоза  ва қубурҳои ҳаҷмашон гуногун барои таъминоти оби нўшокӣ ва технологӣ, инчунин барои партовоб таҷҳизонида шуданд. Ду адад трансформатори нав ва аз онҳо ба зерииншоотҳо кабелҳои зеризаминӣ хобонида шудааст. Як адад септик дар ҳудуди майдончаи партов сохта шуда, дар қисмати кўлҳои биологӣ корҳои ҳамворкунӣ ба итмом расид. Дар бинои панҷара ва қумтозакунак таҷҳизотҳои воридгардида шинонида шуданд. Аз давлати Туркия 4 адад таҷҳизоти “илоскрёб” ворид гардид ва дар ҳавзҳои такшинкунаки дараҷаи якум таҷҳизонида шуд.

Ҳамчунин, дар иншооти партовобтозакунӣ боз як қатор таҷҳизотҳо монанди шибер, панчара, траспортёр, пресс ва системаи SKADA, насос, лоток Паршаля, тачхизоти барқӣ ва барои чудо намудани кум, телфер, лукидон, расходомер, кубури ПЭД ва оҳанин, гребенка, насоси ЭЦВ, кабели ВПВ, лавозимотҳо барои устохона, қисмҳои эҳтиётӣ ва нуқтаҳои назорати видиоӣ таҷҳизонида шуданд. Дар ҳудуди иншоот кофтани ҳавз, септик, шибер дар биопруд, корҳои мумфаршкунӣ ба анҷом расида, курсию мебел барои хуҷраи маъмурият харидорӣ гардидааст.

Санаи 13 сентябри соли равон иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд баъд аз таъмир ба истифода дода шуд.

    Дар вилояти Суғд корҳо дар доираи татбиқи ташаббуси чоруми чаҳонии Ҷумҳўрии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 идома меёбанд.