Татбиқи Конвенсияи Орхус ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3493

 Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани  бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 19.09.2019 дар толори комплеки «Варз»-и ноҳияи Айнӣ семинар - тренинги якруза дар мавзўи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» барои коргарони сохторҳои МИҲД шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ багузор гардид. Семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/ Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

 Дар рафти семинар – тренинг мувофиқи барнома пас аз суханҳои ифтитоҳӣ дар сессияи якум баромаду презентатсияҳо дар мавзўи «Таъриҳи қабулшавӣ ва принсипҳои асосии Конвенсияи Орхус. Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ. Иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо. Дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист. Кори Марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавқеи тарбияи ва маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташколоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ оид ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва Конвенсияи Орхус. Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар раванди иҷрои Конвенсияи Орхус.» пешкаши иштирокчиён гардид.

 Дар сессияи дуюм пешниҳод ва таклифи иштирокчиён оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, музокираи умумӣ оид ба пурзӯр намудани ҳамкории тарафайн оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ба амал омад.

 Боиси қайд аст, ки чорабинӣ мувофиқи нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюми соли равон буда, дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тадбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва иҷрои талаботи Конвенсияи Орхус мусоидат менамояд.