Ҳифзи ҳавои атмосфера – вазифаи муқаддаси мо

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3631

Дар қаламрави Ватани азизи мо теъдоди нақлиёт сол аз сол зиёдшуда истодааст. Бо баробари ин ҳаҷми партовҳои ба ҳавои атмосфера ихроҷмегардида низ меафзояд. Дар шоҳроҳи Конибодом – Хуҷанд аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, якҷоя бо нозирони БДА бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ ва санҷиши дуднокии нақлиёт амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар натичаи санҷиши 34 адад нақлиёти тамғааш гуногун, аз меъёрҳои амалкунанда зиёд будани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар 8 адад нақлиёт ба қайд расид.

     Барои ислоҳи камбудиҳо ва гирифтани чиптаи экологӣ ба ронандагони нақлиётҳои мазкур маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардида, ҳамзамон аз тарафи нозирони давлатӣ санаду протоколҳо тартиб дода шуд.