Маърифати экологӣ пояи рушди устувор

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3670

Баланд бардоштани маърифати экологӣ, гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист  маҳсуб меёбад. Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» гузаронидани вохӯриҳо дар  донишкадаву литсейҳо  ба ҳукми анъана даромадааст. Санаи 28 январи  соли  равон дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» вохўрии намояндаи Раёсат бо хонандагону омўзгорон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ и.в.директори литсейи мазкур Холматов М.Р. оид ба иштироки фаъолонаи хонандагони муассиса дар чорабиниҳои экологӣ баҳри беҳбудии муҳити зист  баромад намуд.

    Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26.12.2019 баён гардидаанд, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои экологӣ, татбиқи барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, истифодабарии оқилонаи об, ҳифзи ҳавои атмосфера, газҳои гулхонаӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот оид ба парандаи соли 2020, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба муаммоҳои  экологӣ  баромад  намуд.