Маърифатнокии ҷомеа

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3558

Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ҷиҳати  баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии  насли наврас , бо мақсади иттилоотонидани онҳо бо хабару маълумотҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист алоқаманданд, имсол муассисаҳои таълимии шахр ба рӯзнома ва маҷаллаи  «Инсон ва табиат» ва «Ҳифзи табиат» обуна гардиданд. Дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳри Истиқлол дар дарси экологияи синфҳои болоӣ вохӯрии мудири бахши ҳифзи муҳити зист Ғозиев А.  бо хонандагон гузаронида шуд.

 Рафтивохӯрӣ  бохонандагон  доирбататбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», истифодабарии оқилонаи об, ҳифзи ҳавои атмосфера, газҳои гулхонаӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим, пиряхҳо, иштироки фаъолонаи мактаббачагон дар аксияҳои экологӣ қайд гардид.