Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3122

Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт санаи  2 феврали соли равон дар нуқтаи санҷиши техникии ш.Хуҷанд ҳамроҳ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Дар рафти амалиёт 25  адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд.

     Дар натиҷа 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта шудааст, нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чора андешидан ба БДА-и шаҳри Хуҷанд  фиристода шуд.