Корҳои фаҳмонидадиҳӣ баҳри таъмини Қонун

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3093

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат баҳри таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ва амалиётҳо  мунтазам корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар н.Айнӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ байни кормандон тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозат барои бамеъёрдарории истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиркунонии партовҳо корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

     Ҳамчунин, оид ба моҳияти фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12.2019 сол, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Вазири ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1993, №126»  фаҳмонида дода шуд.