Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3272

Бо мақсади ҳифз ва бехатарии гуногунии биологии вилояти Суғд ва нигоҳдории системаи экологии он аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист мунтазам корбарӣ карда мешавад. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ҳар сол баргузор мегардад. Имсол низ дар минтақаҳои сербарфи баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Конибодом ва дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Санаи 7.02.2020 бо иштироки сардори раёсат, кормандон ва сохторҳои зертобеъ дар «Дараи сабзи» ноҳияи Шаҳристон ва минтақаи «Қизиқа», сойи «Рўи калон»-и ноҳияи Деваштич корҳои биотехникӣ баргузор гардида, 500 кг картошка, 400 кг резаи гандум, 100 кг намак, 100 кг маккадона, 100 кг сабўс ва 50 банд хошоки дағал пошида шуд.

Баҳри пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ ва талаф наёфтани онҳо аз сардиҳои зимистони соли 2019-2020 аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳои он бо иштироки Муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал ва Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят то айни замон дар маҷмўъ зиёда аз 9 тн маводи ғаладона, сабзавот, намак, хошоки дағал ва дигар маводи зарурӣ паҳн карда шуд. Боиси қайд аст, ки дар минтақаҳои мазкур ҳайвонҳои ваҳшӣ ба монанди хирс, гург, хуки ёбоӣ, рӯбоҳ, суғур, кабк, мурғи ҳилол ва дигар намуди ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ сукунат доранд. Ҳамчунин, худи ҳамон рўз дар шаҳри Истаравшан сардори раёсат аз ҷойи сохтмони бинои нави маъмурӣ барои бахши мазкур дидан карда, дар қади роҳҳои маркази шаҳр 200 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.