Вохурӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3040

Дар мактаби № 4-и ш.Истиқлол бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб вохӯрӣ бо иштироки намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ва  намояндаи Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят  доир гардид. Рафти вохӯрӣ намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист баромад намуд. Намояндаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавӣ наҷотдиҳӣ ва дигар мавзуҳои ба соҳа алоқаманд суханронӣ намуд.

    Дар  интиҳо  омӯзгорон баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани ҳам маърифати экологӣ ва ҳам ватандӯстиву омода будан барои хизмати ватан арзёбӣ намуданд.