Чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3201

Тибқи нақшаи пешбинигардида санаи 4.05.2020 ҷаласаи ситоди раёсат оид ба фаъолият дар 15-рўзаи дуюми манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузории соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардор ва кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат, сармутахассисон оид ба кадр ва оид ба ҳуқуқи раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ба ситоди раёсат ҷалбгардида иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи раёсат оид ба рафти ичрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №34 «Дар бораи амалигардонии чорабинии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» ва фармоиши сардори раёсат аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2020» дар моҳи апрели соли ҷорӣ шунида шуд. Баҳри иҷро ва татбиқи қонуну фармоишҳои дар боло зикргардида, бо рохбарии сардори раёсат ситод иборат аз 18 нафар таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурўҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардид.

 Дар ин давра аз тарафи нозирони давлатии шуъбаи раёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хужанд, Исфара, Истаравшан, Гулистон, Бўстон, Панҷакент, Б.Ғафуров,Айнӣ,Спитамен, Ҷ.Расулов,Ашт ва Деваштич дар ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё аз болооби обанбори Баҳри Тоҷик то НБО-и Фарҳод, 121 маротиба амалиёти фаврӣ гузаронида, дар натиҷа 111 адад санади азназаргузаронӣ ва 23 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1450 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҳамзамон, 57 адад амрнома ва 9 адад мавод ба прокуратура пешниҳод гардид. Дар давоми моҳи апрел 8 адад хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дода шуд. Инчунин, дар маҷмўъ 2 километр тўрҳо, аз он ҷумла тўрҳои бесоҳиб ошкор ва аз об бароварда шуда, бо тариқи сўзонидан несту нобут гардидаанд.

    Боиси қайд аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар давраи тухмгузории моҳиҳо аз ҷониби гурўҳҳои фаврӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят корҳои тарғиботию ташвиқоти роҳандозӣ гардида, бо аҳолӣ 40 маротиба вохўрию сўҳбат гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар давоми моҳ 93 эълон оид ба манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, 2 маротиба тариқи радиои вилояти Суғд ва 1 баромад дар телевизиони шабакаи «Тоҷикистон» амалӣ гардида, 1 мавод дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба чоп расид.

joomlamodniyportal.ru