Корҳои пешгирӣ дар шаҳри Исфара

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2943

 

Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара баҳри дар амал татбиқ намудани фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 зарурӣ андешида шуда истодааст. Кормандони бахш якҷоя бо кормандони соҳаи тандурустӣ, аз он чумла Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ корҳои тамизгардонии роҳи марказӣ, кўчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, ҳамчунин нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкуниро гузарониданд. Чунин чораҷўиҳо дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот низ гузаронида шуда истодааст.

    Дар асоси нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи ситоди шаҳрӣ бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои ташкилоти сохтмонӣ корҳои безараргардониро бо маҳлулҳои тамизкунанда гузаронида истодаанд.

joomlamodniyportal.ru