Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2888

 Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.

    Нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

joomlamodniyportal.ru