Семинари омузишӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2789

 Бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши кормандон  санаи 14 августи соли равон  дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар семинар  оид ба истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарзи дуруст тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳокимаи Кодекси Оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳияи  нав – 2020 сол), дуруст ба роҳ мондани ба қайдгирии маводҳои содиротӣ ва воридотӣ, ташкил намудани парвандаҳои муроҷиат оид ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тибқи конунҳои амалкунанда баррасӣ намудани аризаҳо ва дархостҳо, тартиб додани санади санҷишӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, тарзи дуруст тартиб додани ҳисоботи омории 2 ТП ҳаво, дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист масъалаҳои муҳимтарин  ба ҳисоб мераванд. 

 Рафти семинари омӯзиши байни иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда муҳокимаимаърӯзаҳо сурат гирифт.

joomlamodniyportal.ru