Ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Масчоҳ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2626

Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ бо иштироки аҳолӣ ва кормандони мақомоти  иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳия ҳашари дастаҷамъона баҳри тозагии муҳити зист анҷом дода шуд. Дар ин чорабинӣ, ки ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳия бо масъулияти баланди шаҳравандӣ  иштирок намуда, дар тозагиву ободии гӯшаи диёри худ саҳмгузор шуданд.