Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2641

Фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ 29–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, дӯстдорони табиати нотакрори кишвари азизамон самимона табрику муборакбод мегӯям. Дастоварди бузургтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ ин барқарор намудани суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

 Таъмини назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, татбиқи барномаҳои давлативу соҳавӣ, чорабиниҳои мушаххаси мақомоти соҳавӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ, табақаҳои гуногуни аҳолӣ эътибори боварии кормандони соҳавиро дучанд зиёд гардонида истодааст. Раёсат доир ба самтҳои асосии фаъолияти худ бо корхонаву муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маориф, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳоро зич ба роҳ мондааст. Дар баробари ин масъалаҳои дар назди соҳа гузошташуда хеле ҳам муҳиманд ва барои ҳаллу фасли он талошҳои зиёди тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят лозим мебошад.

    Соли оянда 30 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Барои дар сатҳи баланду хотирмон баргузор намудани ин санаи таърихӣ корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Боварии комил дорам, ки ҳамаи мо ба муваффақияту музаффариятҳои назаррас баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳити зисти кишвари азизамон шарафёб хоҳем гашт.

   Бори дигар ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро ба тамоми кормандону мутахассисони соҳа, собиқадорон, ба кулли табиатдӯстон, онҳое, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиат саҳмгузоранд, табрику муборакбод мегӯям. Бигузор дар дили ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон оташи меҳру садоқат, ҳамдиливу ҳамфикрӣ фурӯзон бошад ва баҳри сарсабзиву ободии муҳити зист ҳар яки мо саҳмгузор бошем!

   Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!