Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон» дар ш.Панҷакент

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2863

 Тибқи супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи мухити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон» ва таъсири он ба муҳити зист дидан намуд. Зимни шиносоӣ бо роҳбарияти корхона пешниҳод дода шуд, ки баҳри бехатарии аҳолӣ  ва солим нигоҳ доштани муҳити зист гирду атрофи партовгоҳ бо симтӯр иҳота карда шуда, дар ҳудуди корхона барои ташкили минтақаи муътадил ба шинонидани дарахтони сояафкан ва кабудизор намудани он диққати бештар дода шавад. Ҳамчунин барои паст кардани чанг аз сехҳои майдакунӣ ва ҳаракати нақлиётҳо дар роҳҳо мунтазам обпошӣ карда шуда, сатҳи болоии полоишгоҳ дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.

Бояд ёдовар шуд, ки корхонаи муштараки ҶДММ «Зарафшон», воқеъ дар ш.Панҷакент яке аз корхонаҳои азими саноатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, ҳамчун табиатистифодабаранда бо истихроҷ, коркард ва истеҳсоли металлҳои ранга машғул аст.

joomlamodniyportal.ru