Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3889

 Гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо, бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳр бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир гардид. Мутахассиси бахш ба хонандагон доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, иштироки фаъолона дар аксияхои экологӣ, кабудизор намудани саҳни ҳавлии мактаб баромад намуд.

  Омӯзгори фанни экология низ баргузории чунин вохӯриҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки дониш ва маърифати экологии насли наврас рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст, ки ин ба манфиати ҷомеа ва беҳбудии муҳити зист мебошад.